НАВРӮЗ — ҶАШНИ БОСТОНӢ ВА РАМЗИ ПАЙВАНДИ ДИЛҲО
Наврӯз иди бостонии мардуми ориёинажод буда, ҳамеша рамзи тозагӣ, умед ба оянда ва дӯстию садоқати инсонҳо маҳсуб меёбад. Наврӯз мардумро ба ҳам меорад, дилҳоро наздик месозад ва фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро тақвият медиҳад. Он моро ба эҳтироми бузургсолон, нигоҳдории суннатҳои миллӣ ва таҳкими арзишҳои ахлоқӣ ҳидоят мекунад. Имрӯз Наврӯз на танҳо ҷашни миллӣ, балки арзиши умумибашарӣ мебошад, ки паёми сулҳ, дӯстӣ ва ҳамзистии осоиштаро ба ҷаҳон мерасонад. Вожаи «Наврӯз» аз ду ҷузъ — «нав» ва «рӯз» таркиб ёфта, маънои «рӯзи нав»-ро ифода мекунад ва ба оғози соли хуршедӣ тааллуқ дорад.
Дар бораи Наврӯз донишмандон ва мутафаккирони бузурги форсу тоҷик андешаҳои арзишманд баён намудаанд. Аз ҷумла, Абӯрайҳони Берунӣ Наврӯзро нахустин рӯзи моҳи фарвардин дониста, онро оғози соли нав мешуморад. Ҳамчунин, Умари Хайём дар «Наврӯзнома» пайдоиши онро ба ҳаракати офтоб ва оғози даври нави сол вобаста медонад.
Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои башарият буда, решаҳои он ба ҳазорсолаҳо мерасад. Он дар байни халқҳои ориёитабор — тоҷикон, форсҳо, курдҳо, афғонҳо ва дигар миллатҳо паҳн гардида, ҳамчун ҷашни эҳёи табиат ва оғози зиндагии нав пазируфта шудааст.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон мазмуну муҳтавои тоза гирифта, ба яке аз рукнҳои муҳими худшиносии миллӣ табдил ёфт. Дар ин раванд саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад.
Бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, суннатҳо ва ойинҳои миллӣ эҳё ва густариш ёфтанд. Наврӯз ба як унсури муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносии фарҳангӣ табдил ёфт, Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун яке аз марказҳои фарҳанги наврӯзӣ муаррифӣ гардид.
Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамфарҳанг, Созмони Милали Муттаҳид 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд. Ин иқдом мақоми ҷаҳонии Наврӯзро таҳким бахшида, онро ҳамчун ҷашни сулҳ, дӯстӣ ва ҳамзистии осоишта муаррифӣ кард.
Наврӯз бо анъанаҳои бой ва пурмазмун таҷлил мегардад. Хонатозакунӣ рамзи поксозӣ буда, дастархони наврӯзӣ нишонаи фаровонӣ ва баракат мебошад. Пухтани суманак, оростани дастархон, дидорбинӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ аз ҷумлаи суннатҳое мебошанд, ки фазои шодӣ ва ваҳдатро тақвият мебахшанд.
Дар гузашта инчунин маросимҳои рамзӣ, аз қабили гузоштани ҳафт навъи дона, истифодаи оби тоза ва орзуи фаровонӣ вуҷуд доштанд, ки ҳамаи онҳо ба зиндагии нек ва соли пурбаракат ишора мекарданд. Наврӯз ҷашни умед, ваҳдат ва муҳаббати инсонӣ мебошад.
Фаришта Хасанзода,
устоди Донишкадаи политехникии
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон
ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд